Воридоти 300 тонна гушти гов аз Беларус ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 12 Nov 2019 04:37:21 GMT )
Ноябр 12, 2019 09:37 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 300 тонна гушти гов аз Беларус ба Тоҷикистон

Тоҷикистон 300 тонна гушти гов аз Беларус ворид мекунад.

Шаҳрдории Душанбе эълом кард аз кишвари Беларус 300 тонна гушти гов ба арзиши 1 миллиону 500 ҳазор доллар ворид хоҳад кард.

Ба нақл аз сомонаи ТоҷикТА, аз ибтидои имсол нархи гушти гов дар Тоҷикитсон 26 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар беш аз 2 миллиону 300 ҳазор гов вуҷуд дорад, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш беш аз яку ним дарсад афзоиш дорад.

Ҳамчунин аз оғози имсол токунун дар Тоҷикистон 142 ҳазору 300 тонна гушт тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш ҳудуди 5 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом карданд, нархи як кило гушти гов 52 то 53 сомонӣ, моҳӣ 36 то 45 сомонӣ ва мурғ 26 то 30 сомонӣ аст ва ин дар ҳолест, ки пештар нархи як кило гушти мурғ 18 то 19 сомонӣ буд.

Домдорон ва мурғдорон иллати асосии афзоиши нархи маҳсулоти гуштиро гаронии нархи хурок ва ниҳодаҳои домӣ эълом мекунанд.