Омӯзиши донишмандони ҷавони тоҷик дар Русия
(last modified Thu, 14 Nov 2019 06:16:37 GMT )
Ноябр 14, 2019 11:16 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши донишмандони ҷавони тоҷик дар Русия

Фарҳангистони улуми Русия дар барномаи корӣ бо фарҳангистони улуми Тоҷикистон донишмандони ҷавони тоҷикро омӯзиш медиҳад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , Мино Муҳаммадюусуфова раиси Шӯрои донишмандони ҷавони фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт ; ҳамакнун дар се риштаи зистшиноси ҷавон,зилзилашиноси ҷавон ва бостоншиноси ҷавон дар ҳудуди барномаи ҳамкориҳои илмӣ миёни Русия ва кишварҳои узви Ҷомиъаи ҳамсуд, донишмандони ҷавони тоҷик ҳам давраҳои фарогирии ин улумро ба кумаки фарҳангистони улуми Русия тай мекунанд.

Ҳамчунин дар шаҳри Дубнаи  Русия донишмандони ҷавони тоҷик дар риштаи физики ҳастаӣ ва дар донишгоҳи давлатии ҳастаии Маскав дар риштаи коршиносӣ низ ба онҳо омӯзиш дода мешавад.

Тарафи Тоҷикистон пешниҳод кардааст,ки дар донишгоҳҳои ин кишвар ва донишгоҳои низомӣ тадриси риштаи амнияти зисти муҳитӣ роҳандозӣ шавад,зеро ин кишвар бо таҳдиди ҷидии гурӯҳҳои терорристӣ ва ифротӣ рӯ ба рӯ аст ва мақомоти амниятӣ ва низомӣ ва гумрук ниёз ба омӯзиши ин риштаи муҳим доранд.