Сентябр 26, 2016 18:34 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ: Яке аз авомили ҳамалоти террористии ахири Ироқ тоҷик будааст

ДИИШ зимни ба ӯҳда гирифтани масъулияти бомбгузориҳои хунин дар шаҳри Тикрити Ироқ эълом кард, яке аз ҷангҷӯёне, ки ин ҳамалоти интиҳориро анҷом дода, шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ба гузориши "Радиои Озодӣ", гурӯҳи ДИИШ бо пазируфтани масъулияти бомбагузориҳои хунин дар шаҳри Тикрити Ироқ, эълом кард, яке аз ҷангҷӯёне, ки ин ҳамалоти интиҳориро анҷом додааст, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Бино бар ин гузориш, дар натиҷаи ҳамалотӣ интиҳорӣ, ки рӯзи 24-уми сентябри соли ҷорӣ дар Тикрити Ироқ ба вуқуъ пайваст, 12 тан кушта ва 23 нафар маҷрӯҳ гардиданд.

Гуфта мешавад, ки се ироқӣ ва Абумуҳаммад Тоҷикӣ, як ҷангҷӯи тоҷики ин гурӯҳ рӯзи шанбе ба посгоҳе дар шаҳри Тикрит ҳамла бурда ва чанд афсари пулисро куштанд. Абумуҳаммад Тоҷикӣ нақши бомбгузори маргталабро иҷро кардааст.

Пулиси Тикрит ҳамла ба посгоҳи ин шаҳр ва кушта шудани афсарони пулисро тайид кард, вале ҳанӯз дар мавриди ҳувияти омилони ин ҳамла чизе нагуфтааст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, токунун беш аз 1000 шаҳрванди ин кишвар ба узвияти гурӯҳи террористии ДИИШ мулҳақ шудаанд, ки 300 нафар дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

 

Барчасп