Ноябр 16, 2019 11:13 Asia/Dushanbe
  • Санъатӣ шудани Тоҷикистон бо сармоягузорӣ ва эътои тасҳилот

Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон мегуянд барои худкифоии ин кишвар дар таъмини барқ фароянди санъатӣ шудани иқтисоди ин ҷумҳурӣ низ суръати бештаре хоҳад гирифт.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, имсол барои рушди тавлидоти бахши санойеъ ва равнақи санъати сохтмонсозии Тоҷикистон 156 миллион сомонӣ ( муодили 16 миллиону 100 ҳазор доллар ) аз будҷаи давлат ихтисос ёфтааст,ки шаш даҳуми дар сад аз маблағи кули будҷаи ин кишвар будааст.

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон муддаъӣ аст,ки дар 3 соли гузашта саҳми бахши санойеъ дар иқтисоди ин кишвар аз 15 ва ду даҳуми дар сад ба 17 ва се даҳуми дар сад афзоиш ёфта ,ки ин мизон бояд дар соли 2030 ба 22 дар сад бирасад.

Бар асоси барномаи рушди роҳбурдии Тоҷикистон , бахши санойеъи ин кишвар то соли 2030 бояд мувафақ ба афзоиши тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дар бозори минтақа ва арзаи он дар дохил ва бозорҳои хориҷӣ шавад.

Аммо иқтисоддонон мегуянд,ки бо вуҷуди эъломи барномаи санъатисозӣ иқтисоди Тоҷикистон таи солҳои ахир хомфурушии мавод аз ҷумла нахи пахта, алюмин, сангҳои қиматбаҳо ҳамчунон идома дорад ва фақат симонт ба ақломи содиротии ин кишвар афзоиш шудааст.

Барчасп