Афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон
Қимати орд дар Тоҷикистон таи ду ҳафтаи ахир барои шашумин бор афзоиш ёфт
Ба нақл аз хабаргузории Спутник, фурушандагони орд дар бозорҳои Тоҷикистон иллати аслии афзоиши қимати ордро камбуди доллар ва болорафтани ин маҳсул дар кишвари тавлидкунанда ( Қазоқистон ) эълом мекунанд.
Ҳамакнун нархи як линча орди 50 киллоие,ки дар моҳи август дар бозорҳои Тоҷикистон 220 сомонӣ (муодили 23 доллар ) таъйин шуда аст,ки пеш дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар 210 сомонӣ ( муодили 21 доллар ) буд.
Бештари воридкунандагон ва фурушандагони орд дар Тоҷикистон мегуянд,ки камбуди доллар дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон ва қиматшудани нархи гандум дар кишвари тавлидкунанда - Қазоқистон ва аворизи гумрукӣ, далели умдаи афзоиши қимати орд будааст.
Онҳо мегуянд ; Қазоқистон аслитарин кишвари содиркунандаи гандум ба Тоҷикистон аст,ки ҳар навъи каму зиёдшудани нарх дар ин кишвар,бозори Тоҷикистонро ҳам таҳти таъсир қарор медиҳад.
Тоҷикистон ҳар сол ба 2 миллион тон гандум ниёз дорад,ки 1 миллион тон дар дохил тавлид ва 1 миллион тони дигари ин маҳсули муҳими ғазоӣ аз Қазоқистон ворид мешавад. Ҳамчунин имсол дар бозорҳои Тоҷикистон нархи пиёз 130 дар сад, сабзӣ 77 дар сад, шир 25 дар сад,гушти гов 14 ва ним дар сад,гушти гусфанд 13 ҳу ҳашт дар сад ва биринҷ 12 дар сад афзоиш доштааст.