Ноябр 19, 2019 12:06 Asia/Dushanbe
  • Изофа вазни 17 дарсади мардуми Тоҷикистон

Вазири тандурустии Тоҷикистон эълом кард, 17 дарсади мардуми ин кишвар дорои изофа вазн ҳастанд.

Ба нақл аз радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Насим Олимзода вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки ба манзури баррасии саломат ва фарбегии сокинони ин ҷумҳурӣ баргузор шуд афзуд, қарор аст барномаи вижае аз имсол то соли 2024 барои мубориза бо фарбегии ашхос дар ин кишвар иҷро шавад.

Вай афзуд, 11 дарсади мардуми Тоҷикистон низ дучори бемории фарбегӣ ҳастанд ва ин беморӣ онҳоро озор медиҳад.

Вазири тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, 5 дарсади донишомӯзон дар мақтаи ибтидоӣ ҳам изофа вазн доранд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи эъломи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ мардуми Тоҷикистон нисбат ба дигар сокинони кишварҳои истиқлолёфта аз Шуравии собиқ камтар дучори изофа вазн ва фарбегии ифротӣ ҳастанд.

Барчасп