Ноябр 19, 2019 15:13 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки бозсозӣ ва тавсеаи Аврупо

Мавзӯи роҳбурдии ҳамкории Бонки бозсозӣ ва тавсеаи Аврупо ва Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Ба нақл аз Форс, Ҷамолуддин Нуралиев муовини аввали Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа ба раёсати Игонӣ Африхтер мушовири мудири омили минтақаии ин бонк дар Осиёи Марказӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ибтидои ин дидор муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон меҳмонони хориҷиро бо вазъияти феълӣ дар системи бонкии ин кишвар ошно ва аз фаолияти намояндагии Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа дар Душанбе ибрози ризоят кард.

Дар ин дидор эълом шуд, ки Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа дар сармоягузории прожаҳои давлатии Тоҷикистон аз ҷумла барномаи вомҳои кучак, сармоягузории мустақим, тавсеаи кишоварзӣ, тиҷорати кучак ва мутавассит, таъмини об, сохти зерсохтҳо, пуштибонӣ аз занон ва ҷавонон ширкати фаол дорад.

Дар ин нишаст ҳамчунин ба ҳузури Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа дар иҷрои прожаи минтақаии КАСА-1000 ишора шуд.

Нуралиев зимни ишора ба стратегии ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа барои солҳои 2020-2025 таъкид кард, ки прожаҳо дар чорчуби ин стратегӣ бояд бо дар назаар гирифтани авлавиятҳои миллии Тоҷикистон тадвин ва иҷро шаванд.

 

Барчасп