Ноябр 23, 2019 10:32 Asia/Dushanbe
  • Талоши Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷуброни камбуди арзҳои хориҷӣ дар ин кишвар

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон эълом карданд дар ин кишвар ҳамеша камбуди арз вуҷуд дорад.

Ба нақл аз сомонаи Осиё Плюс, дар баёнияи Бонки миллии Тоҷикистон аз тавони манфии тиҷорати хориҷии ин кишвар нисбат ба воридот ба унвони омили аслии камбуди арз дар бозори муомилоти дохилӣ ёд  шудааст.

 Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон эълом карданд дар ҳашт моҳи имсол мизони воридот беш аз 1 миллиарду 428 миллион долар буда,ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи порсол 31 миллион доллар бештар аст.

 Онҳо ҳамчунин эълом карданд ;дар ҳашт моҳи имсол ҳам Бонкҳои тиҷории Тоҷикистон 2 миллиарду 638 миллион доллар арз ба муштариён фурухтаанд,ки 1 миллиарду 441 миллион аз ин миқдор арз, доллар ва мобақӣ рубл ва Евра будааст.

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт ; фуруши моҳонаи арз ба муштариён дар ин кишвар ҳудуди 377 миллион доллар ва рӯзона беш аз 12 миллион доллар аст.

Коршиносон мегуянд ,ки имсол буҳрони камбуди доллар дар бозори муомилоти дохилии Тоҷикистон шиддат ёфта ва Бонкҳои тиҷорӣ рӯзона фақат тавони фуруши 200 доллар барои ҳар муштариро доранд,ки ин мизон фуруши арз посухгуи бозаргонон ва фаъолони бахши хусусӣ нест.

Барчасп