Ноябр 23, 2019 13:04 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорат ва гардишгарӣ меҳвари гуфтугуи мақомоти Тоҷикистон ва Бангладеш

Вазири тавсиъа иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва сафири Бангладеш дар ин кишвар бо якдигар дидор ва масоили марбут ба тавсиъаи ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд.

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода вазири тавсиъа иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Эфим Гузал Ъазмсаркор сафири Бангладеш дар Душанбе дидор ва гуфтугу карданд.

 Ба нақл аз Форс, дар ин мулоқот масоили марбут ба ҳамгароии тиҷорӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ миёни ду кишвар мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Ҷазби сармоягузорӣ, тавсиъаи тиҷорати хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ ва эҷоди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди тиҷорӣ аз ҷумла дигар мавзуоте буд,ки дар ин дидор барррасӣ шуд.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди муомилоти ду кишвар дар заминаи санойеъи рӯшноӣ,кишоварзӣ, ҳамл ва нақл, дорусозӣ, гардишгарӣ ва дигар ҳавзаҳо гуфтугу карданд.

Барчасп