Ноябр 26, 2019 06:20 Asia/Dushanbe
  • Гирифтани шаҳрвандии Русия аз сӯи 30 ҳазор тоҷикистонӣ аз оғози имсол

30 ҳазор тоҷикистонӣ аз оғози имсол шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи нашрияи русии Известия, манбаъҳои вазорати  дохилии Русия эълом карданд,ки аз оғози имсол 285 ҳазор нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ки 30 ҳазор нафар аз онон тоҷикистонӣ ҳастанд.

 Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2018 ҳудуди 29 ҳазор тоҷикистонӣ тавонистанд шаҳрвандии Русияро дарёфт кунанд.

 Дар маҷмуъ аз оғози имсол додани шаҳрвандии Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ дар муқоиса бо давраи ҳаммонанди соли  пеш  48 дарсад афзоиш ёфтааст.

 Гуфта мешавад, ки далели асосии  афзоиши дарёфти шаҳрвандии Русия аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ осонсозии ин раванд будааст.

 Ба навиштаи нашрияи Известия дар моҳи октябри имсол Русия муқаррароти нави дарёфти шаҳрвандии ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷиро тасвиб кард, ки муддати баррасии дархости довталабонро аз шаш моҳ ба се моҳ коҳиш медиҳад; албатта ин имтиёз барои ашхосе аст, ки дар дохили қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин барои он шумор аз ашхоси хориҷе, ки дорои 135 касбу ҳунар аз ҷумла муҳандисон, пизишкон, мутахассисони соҳаи моҳипарварӣ, байторҳо , риёзидонон,устоҳои  барқ ва амсоли онон ҳастанд, дар заминаи дарёфти шаҳрвандии Русия имтиёзу осониҳое дода хоҳад шуд.

 

Барчасп