Ноябр 26, 2019 10:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости зиндони тӯлонӣ барои 4 корманди полиси шаҳри Душанбе ба иттиҳоми шиканҷа

Намояндаи додситонӣ дар додгоҳи шаҳри Душанбе барои 4 корманди пешини идораи полиси пойтахти Тоҷикистон дархости маҳкумият ба зиндон аз15 то 23 солро матраҳ кардааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Топтҷ, ин намоянда гуфтааст,ки иттиҳоми шиканҷаи боздоштшудагон аз суи ин 4 корманди полиси шаҳри Душанбе исбот шуда ва додгоҳ бояд барои подполковник Фарҳод Нурхонов-муовини пешини раиси идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи полиси шаҳри Душанбе 23 сол ваАваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Икромуддин Аҳлуддинов-се афсари ин идора ба иттиҳоми шиканҷаи Ҳамза Солеҳов-сокини Душанбе 15 сол ҳукми маҳкумият ба зиндон содир кунад.

Ҳамза Солеҳов муддаӣ аст, ки ин 4 афсари полис бо гузоштани 200 грамм маводи мухаддир дар манзили маскунии вай дар шаҳри Душанбе талаби пардохти ришва кардаанд ва бо радди ин маврид ӯро ба шиддат мавриди шиканҷа қарор додаанд.

 Ҳамчунин 17 сокини шаҳри Душанбе аз ҷумла як зан дар ин додгоҳ, ки тайи се моҳ аст идома дорад, аз шиканҷа шудани хеш тавассути ин 4 афсари пешини полиси пойтахти Тоҷикистон шикоят кардаанд.

Аммо ин афсарон бо тасдиқи талаби ришва муддаианд, ки гумонбаронро шиканҷа накардаанд. Бо ин ҳол натиҷаҳои ташхиси пизишкӣ шиканҷаи ин афрод ба дасти ин афсаронро таъйид кардааст.

 Аз сӯи дигар Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки як созмони ғайридавлатӣ аст, эълом кардааст, ки тайи соли 2018 аз сокинони ин кишвар 44 маврид шикоят аз шиканҷа дарёфт кардаанд, ки 7 нафар аз шикояткунандагон зан будаанд.