Ноябр 27, 2019 09:39 Asia/Dushanbe
  • 89 миллион доллар содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ тайи 9 моҳи имсол

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз содироти барқи ин кишвар тайи 9 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши молии 89 миллион доллар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар, содироти ин мизон барқ аз ин ҷумҳурӣ ба хориҷ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 22 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки танҳо дар моҳи октябри имсол Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя 3 миллиону 600 ҳазор доллар даромади молӣ ба даст овардааст.

Барқи содиротии Тоҷикистон маъмулан ба се кишвари Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон мунтақил мешавад.

Бар асоси тавофуқномаи имзо шуда миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва Узбакистон, Душанбе мутааҳҳид шудааст, дар соли ҷорӣ ба ин ду кишвари ҳамсоя 3 миллиарду 200 миллион киловатт/соат барқ содир кунад, ки саҳми ҳар кишвар 1 миллиарду 600 миллион киловат/соат хоҳад буд. Тоҷикистон дар соли 2018 аз фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояи наздик ба 63 миллион доллар даромади молӣ доштааст.

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон мегӯянд, имсол ба кишварҳои ҳамсоя 3.5 миллиард киловатт/ соат барқ содир хоҳанд кард, ки саҳмт Қирғизистон дар муқоиса бо Афғонистон, Узбакистон камтар ва ба мизони 300 миллион киловатт/соат хоҳад буд.