Ҳукумати Тоҷикистон 48 дарсади саҳмияҳои "Агроинвестбонк"-ро мефурӯшад
(last modified Mon, 26 Sep 2016 15:31:54 GMT )
Сентябр 26, 2016 20:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Тоҷикистон 48 дарсади саҳмияҳои

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фурӯши 48 дарсади саҳмияҳои “Агроинвестбонк”, яке аз чаҳор бонки бузурги ин кишвар ризоят додааст.

Хабаргузории "Тоҷнюс" бо такя ба манобеии хеш менависад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ризо шудааст, аз 52 дарсади саҳмияҳои “Агроинвестбонк”, ки дар ихтиёраш аст, 48 дарсади онро ба бонкҳои хориҷӣ бифурӯшад. Ҳамзамон ин хабаргузорӣ менависад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, пули фурӯши саҳмияҳоро бар ивази 8 дарсади суди солона ба унвони қарз  дар ихтиёри “Агроинвестбонк” бигзорад.

Хабаргузории "Тоҷнюс" аз қавли манобеи хеш маблағи фурӯши 48 дарсади саҳмияҳои “Агроинвестбонк”-ро наздики 250 миллион доллар гуфтааст. Ин манбаъ менависад, ки “Агроинвестбонк” яке аз бонкҳои низомсоз дар Тоҷикистон маҳсуб  мешавад, аммо  дар як  соли ахир дучори буҳрони амиқ шудааст. Аз сӯйи дигар дар соли 2014  Ҳукумати Тоҷикистон  бо сармоягузории 700 миллион сомонӣ ин бонкро аз муфлисшавӣ наҷот дода, бар ивази ин кӯмакҳои молӣ 52 дарсади саҳмияҳои “Агроинвестбонк” дар ихтиёри давлати ин кишвар қарор гирифт.

Ба гуфтаи коршиносон,  коҳиши рушди иқтисоди Русия ва дар пайи он ба таври назаррас кам шудани даромади муҳоҷирони тоҷик аз сабабҳои аслии ба мушкилоти молӣ гирифтор шудани бонкҳои  Тоҷикистон дониста мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ Боки милии Тоҷикистон баъди дучори буҳрони амиқи молӣ шудани “Тоҷиксодиротбонк”, ки  дувумин бонки бузурги Тоҷикистон баъд аз “Агроинвестбонк” маҳсуб мешавад,  мудирияти мувақатии  ин онро  барои шаш моҳ  бар дӯш гирифт. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Бонки марказии Русия  дар шаш моҳи соли ҷорӣ муҳорирони кории тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон наздики 600 миллион доллар маблағ интиқол додаанд, ки дар қиёс ба давраи мушобеҳи  соли гузашта  14 дарсад  ё ба маблағи 98 миллион доллар кам шудааст.