Ноябр 27, 2019 18:55 Asia/Dushanbe
  • Сафари Рустами Эмомалӣ ба Тошканд

Шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон дар нахустин сафари хориҷии худ ба Узбакистон сафар мекунад.

Ба нақл аз Форс, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон 3 декабри соли ҷории мелодӣ ба пойтахти Узбакистон сафар мекунад.

Дар ин сафар шаҳрдори Душанбе бо ҳамтои худ дидор ва раванди иҷрои тавофуқномаи байни дафтарҳои шаҳрдории 2 кишвар дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар марти соли 2018 мелодиро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор медиҳанд.

Рустами Эмомалӣ ва Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдорони Душанбе ва Тошканд масоили марбут ба ҳамкории тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона миёни пойтахтҳои 2 кишварро баррасӣ мекунанд.