Ноябр 28, 2019 09:45 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми таблиғи терроризм дар Маскав

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми таблиғи фаъолиятҳои террористӣ боздошт шуданд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, додгоҳи ноҳияи Таганскийи шаҳри Маскав, пойтахти Русия Нозим Азимов ва Уктамҷон Раҷабматовро то 20 январи соли 2020 равонаи боздоштгоҳи муваққатӣ кард. Дафтари матбуотии додгоҳи Таганский муддаӣ аст, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ба таблиғи фаъолиятҳои террористӣ ва тавҷеҳи ин гуна фаъолиятҳо дар интернет машғул будаанд.

Ҳанӯз манобеи мустақил ва ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дар Русия тавзеҳе дар бораи боздошт ва иттиҳомоти ворида ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар заминаи терроризм ироа накардаанд.

Дар гузашта бештари тоҷикистониҳои боздоштшуда дар Русия бо иттиҳомоти марбут ба маводи мухаддир мувоҷеҳ мешуданд, аммо дар солҳои ахир иттиҳомоте дар заминаи терроризм ва ифротгароӣ матраҳ шудааст. Бар асоси ахбори манобеи расмии Русия, ҳамакнун беш аз 10 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия маҳбусанд.