Ноябр 28, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии 3,5-миллиарддолларии Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиш наёфтани қарзи хориҷии ин кишвар аз 3,5 миллиард доллар дар 3 соли оянда барномарезӣ кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, дар ин барнома мизони афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон дар солҳои 2020 то 2022 аз ду миллиарду 900 миллион доллари феълӣ набояд аз 3,5 миллиард доллар бештар шавад. Тавре ки барномаи дарёфти вомҳои хориҷие, ки ахиран дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуд, нишон медиҳад, дар соли 2020 мизони қарзи хориҷии ин кишвар ба 3 миллиарду 200 миллион доллар, дар соли 2021 ба 3 миллиарду 300 миллион доллар дар соли 2022 ба 3 миллиарду 500 миллион доллар хоҳад расид.

Вомҳои дарёфтӣ аз хориҷ ба манзури бозсозии роҳҳои Душанбе – Нуробод ба мизони 240 миллион доллар, Бохтар – Данғара ба мизони 60 миллион доллар, навсозии таҷҳизоти Нерӯгоҳи барқи обии Норак ба мизони 50 миллион доллар, Нерӯгоҳи Қайроққум ба мизони 38 миллион доллар, беҳбуди мудирияти обрасонӣ дар вилояти Хатлон ба мизони 25 миллион доллар ва сохту тармими муассисоти омӯзишӣ ба мизони 35 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд. Аз сӯйи дигар Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки мизони қарзи хориҷии ин кишвар тайи 10 моҳи имсол ба 2 миллиарду 900 миллион доллар расид, ки баробар бо 35 дарсад аз тавлиди нохолиси ин ҷумҳурӣ аст.

Бонки воридот ва содироти Чин бо ихтисоси 1 миллиарду 400 миллион доллар  бузургтарин ниҳоди кумаккунанда ба Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

 

Барчасп