Азми Тоҷикистон ва Миср барои тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаи энержӣ
(last modified Fri, 29 Nov 2019 15:38:24 GMT )
Ноябр 29, 2019 20:38 Asia/Dushanbe
  • Азми Тоҷикистон ва Миср барои тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаи энержӣ

Вазири тавсеаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо вазири шабакаҳои барқӣ ва энержии таҷдидпазири Миср дидор ва гуфтугӯ карданд.

Сарпарастии ҳайати тоҷикӣ дар ин нишастро Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири тавсеаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бар ӯҳда дошт.

Вазири тавсеаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар чорчӯби нишасти комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмиву фаннӣ бо Муҳаммад Шакур Алмураккаби, вазири шабакаҳои барқӣ ва энержии таҷдидпазири Миср дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот масоили феълӣ ва дурнамои тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаи энержӣ мавриди баҳсу  баррасии тарафайн қарор гирифт.

 Ба таври хос, дар ин дидор фурсатҳои ҷазби сармоягузорӣ ва сомондеҳии турҳои мутолеотӣ барои мутахассисони ду кишвар дар таъсисоти энержии Тоҷикистон ва Миср баррасӣ шуд.

Мақомоти ду кишвар дар поёни ин мулоқот алоқамандии худ барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи энержӣ миёни Тоҷикистон ва Мисрро иброз доштанд.