Ноябр 30, 2019 11:23 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 220 миллион доллар барои такмили сохти нерӯгоҳи обии

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 220 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. 

Ба гузориши хабаргузории "Азия плюс", ин дар ҳоле аст, ки дар буҷаи имсол низ барои идомаи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 220 миллион доллар ихтисос ёфта буд ва дар маҷмуъ бо ҷазби вомҳо ва кумакҳои молӣ ин шохис бояд то охири соли ҷорӣ ба 400 миллион доллар бирасад. 
Турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид. Турбинаи дувуми он ҳам дар солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар рӯзи 9 сентябри имсол тавлиди барқро оғоз кард. 
 
Нерӯгоҳи "Роғун" бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст. 
 
Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбинаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз мушкили камбуди барқ аз байн меравад балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт. 
 
Мақомоти Тоҷикистон пешбинӣ карданд, ки такмили сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.