Набуди далел барои мухолифат бо узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  
(last modified Sat, 30 Nov 2019 07:49:17 GMT )
Ноябр 30, 2019 12:49 Asia/Dushanbe
  • Набуди далел барои мухолифат бо узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  

Ҳеч далеле барои мухолифат бо узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вуҷуд надорад.

Иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки ҳеч далеле барои мухолифат бо узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вуҷуд надорад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник””, Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров бо ишора ба тӯлонӣ шудани тасмимгирии Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфтааст, ки то ба ҳол ҳатто як нафар аз коршиносони ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон далеле барои напайвастани ин кишвар ба ин иттиҳодияи ҳамгароии минтақаӣ ироа накардааст.

Вай мегӯяд, ки мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир ҳамвора таъкид мекунанд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд ва бояд ҷанбаҳои мусбат ва манфии узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ шавад.

Аммо кишвари ҳамсояи Узбакистон тайи як муддати кӯтоҳ эълом кард, ки омодаи узвият дар ин иттиҳодия аст.

Вай аз таъсири сиёсатҳои Амрико ва Ғарб бар Тоҷикистон ба унвони авомили берунии мухолифат бо пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ёд кардааст, зеро Ғарб бо ҳар хел тарҳи ҳамгароӣ дар қаламрави шуравии собиқ мухолиф аст.

Аммо Умаров аз қотеъ ва ҷиддӣ набудани мақомоти иқтисодӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон барои тасмимгирӣ дар мавриди пайвастан ба ин иттиҳодия ба унвони авомили дохилӣ ёд кардааст. Зеро коршиносон ва иқтисоддонони наздик ба ҳукумат мухолифи узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст. Вале нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки ин афрод ҳеч далеле барои мухолифати худ дар заминаи пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳодия ироа намекунанд.