Афзоиши 16 дарсадии нархи гози моеъ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48749-Афзоиши_16_дарсадии_нархи_гози_моеъ_дар_Тоҷикистон
Таи даҳ рӯзи ахири моҳи ноябр дар Тоҷикистон нархи ҳар летр гози моеъ 16 дарсад афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 01, 2019 06:14 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 16 дарсадии нархи гози моеъ дар Тоҷикистон

Таи даҳ рӯзи ахири моҳи ноябр дар Тоҷикистон нархи ҳар летр гози моеъ 16 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба нақл сомонаи ТоҷВик, нархи ҳар як летр гози моеъ, ки дар аввалҳои моҳи ноябр 3 сомонӣ ва 30 дирам буд, акнун ба 3 сомонӣ ва 80 дирам расидааст.

Фурушандагони гози моеъ мегуянд иллати аслии афзоиши нархи ин навъ сӯзишворӣ дар Тоҷикистон афзоиши нархи он дар кишвари содиркунанда-Қазоқистон- мебошад. Вазорати энержии Қазоқистон дар моҳи сентябри соли равон нархи як тонна гози моеъро бидуни эҳтисоби андоз 100 доллар таин кард, ки ширкатҳои тавлидкунанда ва содиркунандагони ин навъи сӯзишворӣ ин шохисро поин медонанд.

Аммо кормандони Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон, ки масъулияти назорат бар нархҳо дар ин кишварро бар уҳда доранд мегуянд, ба далели набуди ширкатҳои бузурги воридкунандаи ин навъи сӯзишворӣ наметавонанд дар ин замина мудохила кунанд; чаро ки бар асоси қавонини тиҷории Тоҷикистон ширкатҳое, ки саҳми онон дар бозори воридоти сӯзишворӣ ба ин кишвар 35 дарсад бошад, метавонанд аз онон дар мавриди афзоиши нархҳо тавзеҳ бихоҳанд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон даҳҳо ширкат машғули ворид кардани гози моеъ мебошанд ва ҳеҷ як саҳми қобили мулоҳизае дар ин замина надоранд.

Ин дар ҳолест, ки 60 дарсад аз нақлиёти давлатӣ ва шахсӣ дар Тоҷикистон ба далели гарон будани нархи бензин аз гози моеъ истифода мекунанд.

Дар соли 2018 ба Тоҷикистон 380 ҳазору 700 тонна гози моеъ ворид кардаанд, ки наздик ба 290 ҳазор тоннаи онро Қазоқистон содир кардааст.