Декабр 01, 2019 10:48 Asia/Dushanbe
  • Фаол шудани низоми нави интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон эълом карданд, низоми нави интиқоли даромади шаҳрвандони ин кишвар аз хориҷ аз севвуми декабр иҷроӣ мешавад.

Ба нақл аз Авесто, бар ин асос раванди интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон ва баръакс ба таври комил таҳти назорати Бонки миллии ин кишвар қарор хоҳад гирифт.

Қаблан мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон аз тамомии бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибории Русия хоста буданд, ки барои интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон маблағеро ба унвони амонат ба Бонки миллии ин кишвар бисупоранд ва танҳо дар ин сурат аз ҳақи иҷрои ин навъи муомилот бархурдор хоҳанд шуд.

Ҳамчунин коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон шумораи ҳисоб боз кунанд, то дар сурати доштани мавҷудӣ битавонанд барои хонаводаҳои худ пул бифристанд.

Ин тарҳ бо интиқоди шадиди созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ру ба ру шуд, ки ин иқдомро нақзи ҳуқуқи худ ва маҳдудсозии интиқоли озодона ва арзони даромади ирсолӣ аз хориҷ унвон кардаанд.

То кунун бонкҳо ва муассисаҳои молӣ ва эътибории Русия, ки бо интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик сару кор доштанд, умдатан бо бонкҳои тиҷорӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекарданд.

Бо гузашти 4 моҳ аз дастури Бонки милии Тоҷикистон барои пайвастани бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибории Русия ба шабакаи интиқоли пули мавриди назари Душанбе танҳо муассисаи мавсум ба  Йон Стрим ин корро анҷом додааст.