Декабр 01, 2019 11:00 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба бозори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ниёз дорад

Мудири Маркази пажуҳишии масоили геополитикии донишгоҳи Русия ва Тоҷикистон муътақид аст, ки барои табдили Тоҷикистон ба кишваре саноатӣ бояд бозори кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба руи маҳсулоти корхонаҳои тоҷикистонӣ боз шавад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Газал Муҳиддинова таъкид кардааст, ки танҳо дар сурати фароҳам шудани заминаи арзаи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар бозори кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё метавон ба иҷрои барномаи роҳбурдии рушди ин ҷумҳурӣ то соли 2030 умедвор буд.

Вай бо ишора ба сохти корхонаҳои нави саноатӣ дар Тоҷикистон дар солҳои ахир гуфт, мавзӯи муҳими фароҳам шудани бозори арзаи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аст.

Мудири Маркази пажуҳишии масоили геополитикии донишгоҳи Русия ва Тоҷикистон бо баёни ин ки Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ наметавонад бо маҳсулоти саноатии қудратҳои бузург рақобат кунад афзуд, мақомоти Душанбе бояд ба истифода аз бозорҳои минтақаи АвруОсиё биандешанд, то бо эҷоди сифати боло заминаи фуруши колоҳои ин кишвар дар минтақа фароҳам шавад.

Муҳиддинова таъкид карда, ки густариши тавлиди маҳсулоти саноати бофандагӣ бо истифода аз технологиҳои нав аз бахшҳоест, ки метавонад дар боз кардани бозори Тоҷикистон дар минтақаи АвруОсиё муассир бошад.

Барчасп