Декабр 02, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаолияти сомонаи дифои зидди мушакии С-300 Русия дар Тоҷикистон

Нахустин сомонаи дифои зидди мушакии Русия мавсум ба С-300, ки дар нимаи дуввуми моҳи ноябр барои истиқрор ба пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар Тоҷикистон мунтақил шуда буд, фаолияти худро оғоз кард.

Ба нақл аз шабакаи Звезда, ҳадаф аз истиқрори ин сомонаи дифои зидди мушакӣ дар Тоҷикистон, ҳаросат аз Пойгоҳи низомии 201 артиши Русия, тақвияти дифои зидди ҳавоии кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ ва кумак ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон унвон шудааст. 

Пеш аз ин сомонаи дифои зидди мушакии С-300 Русия дар Қазоқистон мустақар шуда буд.

Пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин маркази низомии ин кишвар дар хориҷ аз Русия аст, ки воҳидҳои он дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар мустақар шудаанд.

Гуфта мешавад, ки теъдоди низомиёни русӣ дар ин пойгоҳ ҳудуди 7 ҳазор нафар аст.

Сомонаи дифои зидди мушакии С-300 Русия аз тавони ҳадаф қарор додани ҳар намуд мушакҳо дар фосилаи 200 километрӣ бархурдор аст ва метавонад ба таври ҳамзамон ба сӯи шаш ҳадаф 12 мушак партоб кунад. 

Барчасп