Декабр 02, 2019 10:38 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон бо таблиғоти терроризм дар фазои маҷозӣ муқобила мекунад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби қонуни нави мубориза бо терроризм дар ин кишвар иҷозатномаи таъсиси ниҳоди муқобила бо таблиғоти афкори гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар фазои маҷозиро барои идораҳои амниятӣ ва интизомӣ содир кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ҳангоми баррасии ин тарҳ гуфтааст, ки зарурати таъсиси чунин ниҳоде аз сӯи Додситонии кул, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазоратҳои умури дохила ва адлияи ин кишвар ироа шудааст.

Ин намояндаи маҷлис таъкид кардааст, ки ситоди вижае ба ин манзур дар Додситонии кулли Тоҷикистон таъсис мешавад, ки масъулияти ҳамоҳангии тамомии идораҳои амниятӣ ва интизомиро барои муқобила бо таблиғоти афкори гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар фазои маҷозӣ бар уҳда хоҳад дошт.

Мушаххас кардани ашхос ва гуруҳҳои фаол дар заминаи ҷазби ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ ва эъзоми онон ба минтақаҳои даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷ аз Тоҷикистон аз вазифаҳои ин ниҳод аст. Дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳи олии ин кишвар 18 созмон ва гуруҳ аз ҷумла ДИИШ, Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизби исломии Туркистони шарқӣ, Ҳизби таҳрир, гуруҳи Салафия, Алқоида, Ҷабҳатулнасра, Ихвонулмуслимин, лашкари Таиба, Ҷамоати исломии Покистон, Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ, Гуруҳи 24, Паймони миллӣ, Гуруҳи таблиғи ҷамоат, Тоҷикистони озод, Ансоруллоҳ, Шоҳидони Яҳуво ва чанд созмони дигар, террористӣ ва ифротӣ эълом ва фаолияти онон дар ин кишвар мамнуъ шудааст.