Сафари дабири кулли СПАД ба Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) бо сафари дурӯза барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон имрӯз ( сешанбе 27 сентябр) вориди шаҳри Душанбе шуд.
Ба гузориши сойти СПАД, Владимир Зайниддинов, сухангӯи ин ниҳод гуфтааст, ки Николай Бордюжа дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Шералӣ Мирзо, Вазири дифо ва Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, авзои амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамкории ин кишвар бо Созмони паймони амнияти ҷамъиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар ин дидорҳо ҳамчунин роҷеъ ба мавзӯи омодагӣ барои иҷлоси муштараки вазирони умури хориҷа, дифо ва дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД , ки дар рӯзи 14 октябри соли ҷорӣ дар Еревон- пойтахти Арманистон баргузор мегардад, баҳсу табодили назар мекунанд.
Тарафҳо дар ин дидорҳо мавзӯи кӯмакҳои СПАД ба Тоҷикистон барои таҳкими марзҳои ин кишвар бо Афғонистонро дар пайи афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террорристӣ дар қаламрави Афғонистон низ баррасӣ мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД ҳастанд.