Гаага мизбони нахустин даври машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Нидерланд
(last modified Mon, 02 Dec 2019 15:48:02 GMT )
Декабр 02, 2019 20:48 Asia/Dushanbe
  • Гаага мизбони нахустин даври машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Нидерланд

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории нахустин даври машварати ниҳодҳои дипломатии ин кишвар ва Нидерланд дар Гаага хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Қатра, сарпарастии тарафи тоҷик дар ин нишастро Эркин Раҳматуллозода, намояндаи доими Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо бар ӯҳда дошт.

Тарафайн дар ин музокирот дар хусуси вазъият ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ баҳсу табодул назар карданд.

Дар ин музокирот ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар чорчуби стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафайн омодагии худро ҷиҳати густариши равобити судманд дар тамомии масирҳое, ки ба густариши бештари ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба мусоидат хоҳад кард, изҳор доштанд.