Декабр 03, 2019 11:49 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари мамнуъ шудани интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон хабари мамнуъ шудани интиқоли пул аз Русияро такзиб кард.

Ба нақл аз Спутник, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон хабари мамнуъ шудани интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русияро такзиб кард.

Мавҷуда Ҳасанова дар посух ба интишори ахборе дар бораи қатъи интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба далели фаол шудани низоми нави интиқоли даромади шаҳрвандони ин кишвар аз хориҷ севвуми декабр гуфт, дар ин маврид ҳеҷ мушкиле эҷод нахоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки акнун бо муассисоти молӣ ва эътибории Йор Стрим, Вистерн Юнион ва Контакт-и Русия тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо шуда ва аз тариқи ин се муассиса имкони интиқоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик фароҳам шудааст.

Бар асоси эъломи мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон низоми нави интиқоли даромади шаҳрвандони ин кишвар аз хориҷ аз севвуми декабр иҷроӣ мешавад.

Қаблан мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон аз тамомии бонкҳо ва муассисаҳои молӣ ва эътибории Русия хоста буданд, ки барои интиқоли дармади коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон маблағеро ба унвони амонат ба Бонки миллии ин кишвар супурдагузорӣ кунанд ва фақат дар ин сурат аз ҳақи иҷрои ин навъи муомилот бархурдор хоҳанд шуд. Ҳамчунин коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон шумораи ҳисоб дошта бошанд, то дар сурати доштани мавҷудӣ битавонанд барои хонаводаҳои худ пул бифристанд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хабарии Русия навиштаанд аксари марказҳои молӣ ва эътибории ин кишвар созишномаи нави интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистониро Бонки миллии ин кишвар имзо накардаанд.