Декабр 04, 2019 10:30 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин ҳамоиши донишҷӯёни тоҷики муқими Русия

Нахустин ҳамоиши донишҷӯёни муқими Русия, дар маҳалли сафорати Тоҷикистон дар Маскав баргузор шуд.

Ба нақл аз Спутник, дар ин нишасти Шӯрои донишҷӯёни муқими Русия таъсис шуд, ки баррасӣ ва расидагӣ ба вазъи донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои ин кишвар аз вазифаҳои он аст.

Дар нахустин нишасти ин шӯро, ки бо ҳузури донишҷӯёни тоҷик аз тамомии донишгоҳҳои Русия баргузор шуд, барномаи фаъолияти ин ташаккул барои солҳои 2019 то 2020, баррасии вазъи иҷтимоӣ ва маишии донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ва кӯмак ба ҳалли мушкилоти онон ба тасвиб расид.

Қаблан Игор Фролов, сафири Русия дар  Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳар сол беш аз чор ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои ин кишвар эъзом мешаванд.

Давлати Тоҷикистон аз соли 2014 иқдом ба таъсиси Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳои 17 кишвари хориҷӣ кардааст.

 

Барчасп