Такзиби хабари фурӯши корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ба Чин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48857-Такзиби_хабари_фурӯши_корхонаи_алюминиюми_Тоҷикистон_ба_Чин
Дар пайи интишори хабари фурӯши корхонаи буҳронзадаи алюминюми Тоҷикистон ба Чин, яке аз масъулони ин ширкат ин иқдомро такзиб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 05, 2019 10:26 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари фурӯши корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ба Чин

Дар пайи интишори хабари фурӯши корхонаи буҳронзадаи алюминюми Тоҷикистон ба Чин, яке аз масъулони ин ширкат ин иқдомро такзиб кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин мақоми ширкати алюминиюми Тоҷикистон бо такзиби ин шоеъот гуфтааст, ки бар асоси тафоҳумномаи имзошуда миёни Тоҷикистон ва Чин, тарафи чинӣ барои сохти корхонаи ҷадид дар маҳалли феълии ин ширкат маблағи 545 миллион доллар вом ихтисос хоҳад дод.

Вай таъкид кард, ки корхонаи ҷадид бо зарфияти тавлиди 300 ҳазор тон алюминиюм дар сол тавассути ширкати чинӣ (China Machinery Engineering Corporation) сохта хоҳад шуд, ки бо таҷҳизоти ҷадид заминаи сарфаҷӯӣ дар истифода аз нерӯи барқро низ фароҳам хоҳад кард.

Аммо бо эҳтисоби ҳазинаи 545 миллион доллар воми давлати Чин барои сохти корхонаи ҷадиди алюминиюм дар Тоҷикистон бидеҳии ин ширкат ба марзи1 миллиард доллар хоҳад расид, ки шомили вомҳои 320 миллион долларии Бонки тиҷорати хориҷии Русия ва 200 миллион еврои як ширкати фаронсавӣ ва дигар бидеҳиҳо хоҳад шуд.

Ин масъули ширкати алюминиюми Тоҷикистон муътақид аст, ки ин вомҳо баландмуддат ва бо кормузди пойин пардохт шудааст ва ширкати чинӣ воми худро пас аз 12 сол аз оғози фаъолияти корхонаи ҷадид дарёфт хоҳад кард.