Таъкиди вазири кишоварзии Тоҷикистон бар баҳрагирӣ аз таҷрибиёти Эрон
Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар дидор бо сафири Эрон гуфт, ин кишвар омодаи ҳамкорӣ ва истифода аз таҷрибиёти кишвари дӯст ва бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши кишоварзӣ аст.
Ба гузориши ИРНА, Иззатуллоҳ Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар дидор бо Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон, бо ишора ба иштирокоти забонӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва динии ду миллат, бар зарурати густариши беш аз пеши равобити дуҷониба таъкид кард.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора ба таҳаввулоти мусбати чандмоҳаи ахир дар равобити ду кишвар гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши кишоварзӣ дар заминаҳои тавлид ва тавсеаи мошинолоти кишоварзӣ, таъмин ва ислоҳи базр (тухмӣ) - и маҳсулот, густариши обхездорӣ (мустаҳкам кардани соҳилҳо) ва ҳифозати хок, афзоиши зариби худиттикоии маҳсулоти роҳбурдии асосӣ ва тавсеаи обзипарварӣ ва парвариши моҳӣ дар дарё ва парвариши парандагон, дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе доштааст.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон тавсеаи боғот, тавсеа ва фароварии гиёҳони доруӣ, шабакаҳои обёрӣ ва заҳкашиву сомонаҳои навини обёрӣ, густариши зерсохтҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ва афзоиши тавлидоти саноеи такмилӣ ва табдилӣ дар бахши кишоварзиро аз дигар дастовардҳои Эрон дар заминаи кишоварзӣ унвон кард.
Собирӣ гуфт, бо таваҷҷуҳ ба оби фаровон ва заминҳои муносиби кишт дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳои бахш кишоварзӣ бо ин кишвар аст.