Тардиди ҳизби сотсиал-демократ барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2020
Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон эълом кард, дар нишасти ҳизбӣ натавонистанд дар бораи ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2020 тасмим бигиранд.
Ба нақл аз саҳифаи Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Facebook, масъулон ва фаъолони ин гурӯҳи сиёсӣ дар нишасти ахири хеш дар шаҳри Душанбе, пас аз мабоҳиси зиёд натавонистанд дар бораи ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2020 тасмимгирӣ намоянд.
Аъзо ва фаъолони ҳизби сотсиал-демократ тасдиқ кардаанд, ҳар номзад бояд барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 4 ҳазор сомонӣ бипардозад, ки маблағи сангине аст ва довталабон наметавонанд ин манобеи молиро фароҳам созанд.
Бар асоси Қонуни интихоботи Тоҷикистон, довталабони номзадӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони ин кишвар бояд ин маблағро вориз намоянд ва дар сурати роҳ наёфтан ба Маҷлиси намояндагон, ин манобеи молӣ ба онон пас дода намешавад.
Аз дидгоҳи мақомоти ҳизби сотсиал-демократ, таъини саҳми ҳар номзад дар интихоботи парлумонии ин кишвар, маҷоли афроди шоиста, вале камдаромад барои ширкат дар ин интихоботро намедиҳад.