Декабр 08, 2019 10:45 Asia/Dushanbe
  • Мушкили аслии коргарони муҳоҷири тоҷик ноошноӣ бо қавонини Русия аст

Сухангӯи Дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав мегуяд, ки мушкили аслии коргарони муҳоҷири тоҷик ноошноӣ бо қавонини Русия аст.

Ба нақл аз сомонаи Migrantnews.info, Иброҳим Аҳмадов гуфтааст, ки ҷавонони тоҷик, ки барои кор ба Русия меоянд бояд забони русиро дар ҳадди муколима бидонанд ва бо қавонини ҳуқуқии ин кишвар ошно шаванд.

Вай таъкид кардааст, ки мутаасифона бештари ин ашхос беиттилоъ аз қавонини ҳуқуқии Русия ба ин кишвар ворид ва бо мушкилоти зиёде ру ба ру мешаванд.

Сухангӯи Дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав яке аз ин маворидро илзомӣ будани сукунати коргарони муҳоҷир дар маҳали сабти иқомати онон донист ва афзуд, 90 дарсади тоҷикҳо ин муқарраротро муроот намекунанд дар ҳоле, ки нақзи ин муқарраот метавонад муҷиби ихроҷи онон аз Русия шавад.

Аҳмадов гуфт, ҳамчунин бархе коргарони муҳоҷир бидуни қарордод бо корфармоён бар асоси тавофуқи шифоҳӣ фолият мекунанд ва баъдҳо барои дарёфти ҳуқуқ ва дастмузди худ бо мушкилот ру ба ру мешаванд дар ҳоле, ки дар чунин шароите бидуни матни қарордод ҳатто аз тариқи додгоҳ ҳал кардани ин мушкилот сахт аст.

Вай афзуд, танҳо дар соли 2018 дар муддати 9 моҳ беш аз 31 ҳазор маврид шикоят аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба хотири нагирифтани ҳуқуқ ва муздикор ба Дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ворид ва бо талоши ин ниҳод 22 миллиону 260 ҳазор рубл аз сӯи ширкатҳои русӣ ба онон пардохт шуд.

 

Барчасп