Декабр 11, 2019 10:53 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи ҷаҳонии Тоҷикистон аз нигоҳи суръати интернет

Коршиносони ширкати байналмилалии Speedtest, гузориши суръати интернет дар ҷаҳонро мунташир карданд, ки нишон медиҳад, дар ин радабандӣ тавовутҳои зиёде миёни кишварҳои мухталиф вуҷуд дорад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, дар ин радабандӣ Тоҷикистон аз нигоҳи суръати интернет дар мақоми 108-уми ҷаҳонӣ дар миёни 176 кишвар қарор гирифтааст.

Аммо дар шохиси суръати интернети телефони ҳамроҳ, Тоҷикистон дар миёнит 141 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 132-ро ба худ ихтисос додааст. Ин дар ҳоле аст, ки миёнгини суръати интернет дар ҷаҳон 70 мегабайт/сония аст, ки дар Тоҷикистон ин шохис 21,1 мегабайт/сонияро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин миёнгини суръати интернети телефони ҳамроҳ дар ҷаҳон 100 мегабайт/сония унвон мешавад, ки дар Тоҷикистон ин шохис ба 10 , 8 мегабайт/сония мерасад, ки шохиси поёне ба ҳисоб меояд.