Вазири дороии Тоҷикистон: Барои сохти корхонаҳои муштарак бо Эрон ҳамкорӣ мекунем
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ва вазири дороии Тоҷикистон бо якдигар дидор ва бар зарурати тақвият ва тавсиаи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд
Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе ва Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири дороии Тоҷикистн дидор ва дар хусуси роҳҳои густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва молӣ табодули назар карданд.
Дар ин дидор вазири дороии Тоҷикистон бо ишора ба собиқаи тӯлонии дӯстӣ ва иштирокоти ду миллат ва давлат, бар зарурати таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо, бавижа дар заминаи иқтисодӣ таъкид кард.
Қаҳҳорзода бо тақдир ва изҳори ризоят аз кайфияти фаъолияти ширкатҳои эронӣ дар лоиҳаҳои бузурге чун садди нерӯгоҳи "Роғун" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2", хостори афзоиши сармоягузории тоҷирон ва сармоягузорони эронӣ дар кишвараш шуд ва гуфт: Бо таваҷҷӯҳ ба тавонмандии фаннӣ ва содиротии ширкатҳои эронӣ, дар бисёре аз ҳавзаҳо омодаи ҳамкорӣ барои сохти корхонаҳои муштарак ҳастем.