Эъломи ҳукми муттаҳамони шӯриш дар зиндони Ваҳдат
(last modified 2019-12-13T16:06:05+00:00 )
Декабр 13, 2019 21:06 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳукми муттаҳамони шӯриш дар зиндони Ваҳдат

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми маҳкумияти 28 муттаҳам ба даст доштан дар шӯриши зиндони шаҳри Ваҳдатро содир кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, манобеи Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин зиндониён дар ба роҳ афтодани шӯриши шаби 19 май дар зиндони шаҳри Ваҳдат муҷрим шинохта шудаанд ва барои онон ҳукми 19 то 29 соли зиндон содир шудааст.

Қаблан мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон эълом карда буданд, ки дар натиҷаи шӯриш дар зиндони шаҳри Ваҳдат 32 нафар, аз ҷумла 29 зиндонӣ ва 3 маъмур кушта шудаанд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳодисаро бар дӯш гирифта буд.

Ин додгоҳ пушти дарҳои баста баргузор шуд ва мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ва вакилони мудофеи зиндониён ба далели сиррӣ будани парванда аз тавзеҳ дар бораи ҷузъиёти он худдорӣ кардаанд.

Вакилони мудофеи ин зиндониён гуфтаанд, ки муваккилонашон ба иттиҳоми терроризм, ифротигарӣ ва қатл маҳкум шудаанд ва ин маҳкумият ба муддати зиндони қаблии онон изофа шудааст.

Дар Тоҷикистон дар муддати шаш моҳ, яъне аз ноябри соли 2018 то майи соли 2019 ду шӯриш дар зиндонҳои Хуҷанд ва шаҳри Ваҳдат рух дод, ки дар натиҷаи он 50 зиндонӣ ва 7 маъмури ин ду зиндон кушта ва беш аз 100 нафар низ захмӣ шудаанд.

 

 

Барчасп