Декабр 14, 2019 15:10 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти маркази иттилооти гардишгарӣ дар фурудгоҳи Душанбе

Дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе маркази иттилооти туристӣ, фаъолият мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ин марказ ба манзури тасҳили дарёфти тамоми иттилооти зарурӣ барои гардишгарони хориҷӣ дар мавриди Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе бо эъломи ин хабар, роҳандозии чунин марказеро бо номгузории солҳои 2019- 2021 ба унвони се соли тавсиъаи гардишгарӣ, русто ва санойеи дастӣ дар Тоҷикистон муртабит донист.

Аз ин пас меҳмонони пойтахти Тоҷикистон ва гардишгарон метавонанд ба осонӣ тамоми иттилооти лозим дар мавриди масирҳои туристӣ, маконҳои таърихӣ, поркҳои тафриҳӣ, марказҳои харид, меҳмонхонаҳо, минтақаҳои тафриҳӣ,истироҳатгоҳҳо пайдо кунанд.

дафтари ин марказ дар дохили фурудгоҳи байланмиллалии шаҳри Душанбе қарор дошта ва гардишгарон дар сурати муроҷиъа метавонад тамоми иттилоот лозими туристӣ дар мавриди Тоҷикистонро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дарёфт кунанд.