Декабр 15, 2019 10:25 Asia/Dushanbe
  • Ба ғайр аз тоҷикон, коргарони муҳоҷир дар Русия нафақа дарёфт мекунанд

Раиси ҷумҳури Русия қонуни пардохти нафақа барои коргарони муҳоҷири кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро имзо кард, ки тоҷикҳо ба хотири узвият надоштани Тоҷикистон дар ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ аз ин имтиёз маҳрум мешаванд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, бо имзои ин қонун аз сӯи Владимир Путин аз аввали моҳи январи соли 2020 коргарони муҳоҷири арманистонӣ, беларусӣ, қазоқистонӣ ва қирғизистоние, ки таи 20 соли ахир дар қаламрави Русия фаолият кардаанд нафақа дарёфт хоҳанд кард.

Бар асоси ин қонун агар санавоти фаолияти коргарони муҳоҷири кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё камтар аз ҳадди нисоб барои дарёфти нафақа аз Русия бошад собиқаи кори онон дар кишварашон ба ин муддат афзуда хоҳад шуд. Албатта дар ин маврид мавзӯи пардохти ҳаққи бимаи иҷтимоӣ ба сандуқи нафақаи Русия таи солҳои фаолияти когарони муҳоҷири кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё муҳим мебошад.

Бо ин ҳол ба далели узвият надоштани Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё коргарони муҳоҷири тоҷик, ки таи беш аз 25 соли ахир дар қаламрави Русия фаолият кардаанд, аз дарёфти нафақа маҳрум мемонанд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо зарурати пардохти нафақа барои коргарони муҳоҷири ин кишвар аз сӯи Русияро матраҳ кардаанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон ин мавзӯъ танҳо дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳаллу фасл хоҳад шуд.