Сентябр 27, 2016 13:28 Asia/Dushanbe
  • Рӯзноманигори бидуни тобеият дар Тоҷикистон

Аминҷон Гулмуродзода, рӯзноманигори нашрияи мустақили "Фараж" ба унвони сокини бидуни тобеияти Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ба гузориши сойти "Азия плюс", Гулмуродзода, ки ба иттиҳоми тақаллуби гувоҳиномаи валодаташ дар соли 2015 ба 2 сол зиндон маҳкум шуда ва мавриди афв қарор гирифту озод шуд, ҳамчунон наметавонд мадорики таъйидкунандаи шаҳрвандии худро ба даст оварад.

Вай мегӯяд, ки дар идораи гузарномаи шаҳри Душанбе ваъда додаанд, ки ба ин мавзӯъ расидагӣ хоҳанд кард, вале то ба ҳол посухе надодаанд.

Ҳамчунин вакили мудофеи Гулмуродзода ба мақомоти интизомии Узбакистон, ки муваккилаш мутаваллиди ин кишвар мебошад, муроҷиа кардааст, ки дар ҳалли ин мушкил кӯмак кунанд, вале мақомоти Узбакистон гуфтаанд, ки чун Гулмуродзода шаҳрванди ин кишвар нест, наметавонад дар ин замина кӯмак кунанд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон, Аминҷон Гулмуродзодаро ба тақаллуб дар асноди шаҳрвандӣ муттаҳам карда ва муддаӣ ҳастанд, ки вай дар соли 1989, ки 7 сол дошт, бо мусоидати падараш аз ноҳияи Рӯдакӣ гувоҳиномаи таваллуди тифлӣ дарёфт карда ва баъдан шиносномаи шаҳрвандӣ низ гирифтааст.

Вай фарзанди марҳум Пайванд Гулмуродзода, декани собиқи фвкултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст, ки ба ибтикори ӯ рӯзи 11-уми март ҳамасола ба унвони Рӯзи матбуоти ин кишвар гиромӣ дошта мешавад.