Декабр 16, 2019 09:42 Asia/Dushanbe
  • Ангуштнигорӣ аз касабаи бозорҳои шаҳри Душанбе

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон барномаи ангуштнигорӣ аз тамомии касабаҳои бозорҳои Душанберо дар дастури кори худ қарор додааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюз, пас аз ангуштнигорӣ аз касабаи бозори Корвони шаҳри Душанбе, ки онро ба ҳодисаи ҳамла ба посгоҳи марзии ин кишвар дар марзи муштарак бо Узбакистон дар моҳи ноябри соли равон муртабит медонистанд акнун тасмим гирифта шудааст, ки ин барномаи илзомӣ шомили тамомии касабаи марказҳои тиҷории пойтахти ин ҷумҳурӣ шавад.

Генерал Умарҷон Эмомалӣ сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо таиди ин иқдом таъкид кардааст, ки дар ин кишвар қонуни вижаи ангуштнигорӣ вуҷуд дорад, ки дар сурати лузум бояд тамоми шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ шомили ин муқаррарот шаванд.

Вай мегуяд на танҳо дар Тоҷикистон балки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳангоми дарёфти шиноснома ва кортҳои миллӣ, шаҳрвандони ин кишварҳо муваззаф ба ангуштнигорӣ мешаванд пас бояд ин иттилоот дар Бонки Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мавҷуд бошад ва дар сурати вуқуи ҳар навъ ҳодиса ва ҷиноят мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон бояд битавонаанд бо намунабардорӣ аз асари ангушти ашхоси мазнун ҳувияти ононро мушаххас кунанд.

Теъдоде аз касабаи бозорҳои шаҳри Душанбе муътақиданд чун онон ҳангоми дарёфти мадорики таинкунандаи ҳувияти хеш мавриди ангуштнигорӣ қарор гирифтаанд  такрори ин барнома барои онҳо лозим нест.

Аммо коршиносон бар ин боваранд ҳадаф аз илзомӣ кардани ангуштнигорӣ барои касабаи бозорҳои шаҳри Душанбе масоили амниятӣ аст чаро ки пас аз ҳамлаи аъзои гуруҳи ДИИШ ба посгоҳи марзии Ишқобод воҳиди марзбонии Султонободи ин кишвар, ки 15 тан аз террористҳо кушта ва панҷ нафар дигар низ дастгир шуданд, мушорикати молии яке аз тоҷирони бозори Корвони шаҳри Душанбе дар ин ҳодиса муҷиби амалӣ кардани барномаи ангуштнигорӣ шудааст. Бар асоси гузориши Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ин фард бо фуруши мағозаи хеш барои ашхоси муҳоҷим чанд дастгоҳ худрав харидорӣ кардааст.