Дар ҷустуҷуи тоҷике, ки ҳамватанони муҳоҷираш дар Русияро фиреб кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49160-Дар_ҷустуҷуи_тоҷике_ки_ҳамватанони_муҳоҷираш_дар_Русияро_фиреб_кард
Полиси шаҳри Санкт Петербурги Русия дар ҷустуҷуи як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо фиреби коргарони муҳоҷири тоҷик наздик ба 400 чиптаи қалбакии ҳавопаймо фурухта ва акнун фирорӣ аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 16, 2019 06:41 Asia/Dushanbe
  • Дар ҷустуҷуи тоҷике, ки  ҳамватанони муҳоҷираш дар Русияро фиреб кард

Полиси шаҳри Санкт Петербурги Русия дар ҷустуҷуи як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо фиреби коргарони муҳоҷири тоҷик наздик ба 400 чиптаи қалбакии ҳавопаймо фурухта ва акнун фирорӣ аст.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Маҳмуд Абдураҳмонови 29 сола сокини ноҳияи Ваҳдат, ки дар шаҳри Санкт Петербурги Русия дар қаҳвахонае фаолият мекард ба 400 коргари муҳоҷири тоҷик, ки қасди бозгашт ба Тоҷикистонро доштанд чиптаҳои қалбакии ҳавопаймо фурухтааст.

Гуфта мешавад нархи чиптаи ҳавопаймо барои ҳар мусофир, ки қасди сафар ба Тоҷикистонро дорад 20 то 21 ҳазор рубли русӣ аст, аммо Маҳмуд Абдураҳмонов ин чибтаҳоро ба намояндагӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии СомонЭйр ва хутути ҳавоии Орал ба нархи 15 то 16 ҳазор рубли русӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷик фурухтааст.

Ашхоси фиреб хурда барои кумак ба полиси шаҳри Санкт Петербурги Русия ва Дафтари консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр муроҷеа кардаанд, то барои пайдо кардани Абдураҳмонов иқдом кунанд.

Фаррух Қосимов корманди консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербург гуфта, ки бо ҳамоҳангӣ бо полиси Русия ҷустуҷу барои ёфтани ин қаллоб оғоз шудааст.

Ба далели гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо дар парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон коргарони муҳоҷири тоҷик талош мекунанд ба нархи арзонтар чипта таҳия кунанд, ки ашхоси қаллоб низ аз ин фурсат ба нафъи хеш баҳрабардорӣ мекунанд.