Декабр 16, 2019 11:21 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Тоҷикистон аз истифода аз кудҳои химиёии чинӣ қобили дарк аст

Устоди Фарҳангистони улуми кишоварзии Русия муътақид аст нигаронии Тоҷикистон аз истифодаи беравияи ширкатҳои чинӣ аз кудҳои химиёӣ қобили дарк аст.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Игор Абакомов бо ишора ба ибрози нигаронии намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи истифодаи беравияи ширкатҳои кишоварзии чинӣ аз кудҳои химиёӣ дар заминҳои вилоятҳои Хатлон гуфтааст на танҳо дар Тоҷикистон балки дар дигар кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд низ ҳеҷ навъ назорате бар фаолияти ширкатҳои ёдшуда вуҷуд надорад.

Вай муътақид аст дар марзҳои кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд аз ҷумла Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳатто як озмоишгоҳ барои санҷиши кудҳои химиёии воридотӣ аз Чин вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи Абакомов дар кисаҳоии ин кудҳо номи корхонаи тавлидкунанда сабт нашудааст, бино барин шумо наметавонед гувоҳиномаи муҷоз будани истифода аз ин кудҳоро мушоҳида кунед. Ҳар чанд бар руи кисаҳои ин маҳсулот номи ширкатҳои муътабаре сабт шудааст, аммо аз муҳтавои онҳо касе хабар надорад. Нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки нархи кудҳои химиёии воридотӣ аз Чин хеле поин аст, ки худ ҷои тардид ва шубҳа дорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Саидҷаъфари Усмонзода раиси Ҳизби демократ ва намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон гуфтааст равишҳои феълии фаолияти кишоварзони чинӣ муҷиби тахриби заминҳои Тоҷикистон дар ояндаи наздик хоҳад шуд ва ҳукумат бояд бо таъсиси коргуруҳи вижа, фаолияти ширкатҳои чиниро баррасӣ кунад. Зеро пас аз чанд сол маълум нест, ки вазъи заминҳои дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ қарор дошта ба далели истифодаи беравия аз куди химиёӣ ва самҳои кишоварзӣ чи хоҳад шуд.