Декабр 16, 2019 11:30 Asia/Dushanbe
  • Аввалин паёми интиқодии хоҳари вакили зиндонии тоҷик баъди бозгашт ба Тоҷикистон

Хоҳари вакили зиндонии тоҷик баъди бозгашт ба Тоҷикистон аввалин паёми интиқодии худро ба хотири набуди имконот дар шаҳри Душанбе мунташир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хонум Хосият Ёрова ҳуқуқдони тоҷик ва хоҳари Бузургмеҳр Ёров вакили зиндонии тоҷик пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар паёме навиштааст, ки нахустин мушоҳидаш бо вуруд ба хонааш дар шаҳри Душанбе набуди барқ будааст.

Вай мегуяд, ки пас аз 3 сол зиндагӣ дар Олмон инак дар хонаи худ дар шаҳри Душанбе мустақар шуда ва мушоҳидот нишон медиҳад, ки дар қисмати ҷануби пойтахти Тоҷикистон аслан барқ нест ва бояд бо истифода аз ангишт манзили маскунии худро дар фасли сармо гарм кунад.

Вай иллати бозгашташ ба Тоҷикистонро пас аз 3 сол иқомат дар Олмон, парасторӣ аз модари маризаш ва ҳамчунин талош барои озодии бародараш эълом кардааст.

Барчасп