Декабр 19, 2019 09:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷарима шудани духтари узви аршади зиндонии Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон

Духтари узви аршади зиндонии Ҳизби мамнуъаи Нҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ба пардохти 550 сомонӣ дар додгоҳ ҷарима шуд.

Хонуми Нилуфар Раҷабова духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб узви аршади зиндонии Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломӣ ва хоҳари Шуҳрати Раҳматуллоҳ рӯзноманигори тоҷики муқими Олмон,ки ба далели боздошт ва мавриди тавҳин қарор гирифтанаш аз суи кормандони пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба додситонии кули Тоҷикистон шикоят карда буд, ба пардохти 550 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум шуд.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Тӣ Ҷӣ, дар ҳоле,ки вай аз бадрафторӣ ва тавҳини кормандони пулиси ноҳияи Сино ба иллати навъи ҳиҷобаш шикоят карда буд, ба иттиҳоми таҳқири намояндаи давлат ва авбошӣ ба пардохти 550 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум шуд.

Хонуми Нилуфар Раҷабова гуфт,ки ду корманди додситонӣ ба баҳонаи баррасии шикояти вай аз кормандони пулиси ин минтақа, Ӯ ва модарашро ба додгоҳ мунтақил карданд ва додгоҳ онҳоро ба далели тавҳин ба намоянда маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум кард.

Ин дар ҳоле аст,ки як рӯз пеш вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз оғози таҳқиқ дар бораи боздошти теъдоде аз духтарони муҳаҷаба аз суи кормандони идораи пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дода буд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора вуҷуди гурӯҳҳои вижа барои боздошти бонувони муҳаҷабаро такзиб мекунанд, аммо гузоришҳои мунташиршуда нишон медиҳад,ки ин гурӯҳҳо ба сурати барномарезишуда дар ин кишвар фаъолият мекунанд.

 Аз суи дигар иттилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон,ки як Созмони ғайри давлатӣ аст, эълом кард,ки омодаи баррасии шикояти хонуми Нилуфар Раҷабова алайҳи кормандони пулиси ноҳияи Сино аст.