Декабр 19, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон

Даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аз мизони будҷаи ин кишвар бештар аст.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, дар 9 моҳи имсол коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон 2 миллиарду 490 миллион доллар ирсол карданд,ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 7 дар сад бештар шудааст. Ин дар ҳоле аст,ки ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон дар 11 моҳи имсол мизони будҷаи умумии ҳукумати ин кишвар 2 миллиарду 100 миллион доллар эълом шудааст.

Мизони будҷаи умумии ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2019, 23 миллиарду 773 миллион сомонӣ ( муодили 2 миллиарду 73 миллион доллар ) буд.

73 дар сад аз хонаводаҳои тоҷикистонӣ аз маблағҳои ирсолии бастагони худ аз кор дар Русия имрори маош мекунанд.

Теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳудуди 1 миллиону 500 ҳазор то 2 миллион нафар тахмин зада шудааст.

Барчасп