Паёми таслияти Рустами Эмомалӣ ба шаҳрдори Тошканд
(last modified Fri, 20 Dec 2019 14:11:13 GMT )
Декабр 20, 2019 19:11 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Рустами Эмомалӣ ба шаҳрдори Тошканд

Шаҳрдори шаҳри Душанбе дар паёме кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони Узбакистонро ба ҳамтои ӯзбакистонии худ таслият гуфт.

Ба гузориши “Форс”, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон дар паёме кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони Узбакистон ба иллати фурӯ рехтани метрои шаҳри Тошкандро ба Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, ҳамтои ӯзбакистонии худ таслият гуфт.

Дар ин паём омадааст: “Бо эҳсоси ғаму андӯҳи амиқ, хабари фурӯ рехтани метрои “Юнусобод”- и шаҳри Тошканд, ки мунҷар ба кушта шудани теъдоде аз шаҳрвандони ин кишвар шудро дарёфт кардем. Итминони комил дорем, ки иқдомоти шаҳрдории Тошканд ба ҳарчӣ зудтар бартараф кардани авоқиби ин ҳодиса мусоидат хоҳад кард. Дар ин лаҳзоти ғамангез, ҳамдардӣ ва таслияти амиқ худро бо бастагон ва наздикони қурбониён иброз намуда ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил аз Худованд масъалат дорам”.

Дар таърихи 18 декабри соли ҷории мелодӣ дар пайи резиши бахше аз метрои Тошканд 6 нафар кушта шуданд. Ин ҳодиса дар натиҷаи борони шадид дар бахши бози хати метрои дар ҳоли сохт иттифоқ афтод.