Декабр 20, 2019 19:48 Asia/Dushanbe
  • Даромади 91 миллиондолларии Тоҷикистон аз фурӯши барқ

Тоҷикистон аз оғози имсол аз фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя 91 миллион доллар даромад доштааст.

Ба гузориши “Форс”, Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷории мелодӣ аз фурӯши барқ ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон 91.3 миллион доллар даромад касб кардааст.

Бинобар гузориши мақомоти бахши энержии Тоҷикистон, мизони содироти барқ ба хориҷ дар моҳҳои январ то ноябри соли ҷории мелодӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли қабл 23 дарсад афзоиш доштааст.

Ҳамчунин мизони содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ дар муддати мушобеҳи соли 2018 мелодӣ ҳудуди 74 миллион доллар баровард шудааст.

Бинобар омори Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ин кишвар дар соли гузаштаи мелодӣ ҳудуди 2.4 миллиард киловатт соат барқ содир кардааст.

Арзиши ҳар киловатт соат барқ барои Афғонистон дар соли гузаштаи мелодӣ 4.11 сент ва Узбакистон 2 сент будааст.

Аз аввали соли 2019 мелодӣ дар Тоҷикистон беш аз 18.7 миллиард киловатт соат барқ тавлид шуда, ки 5.2 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли гузашта аст, ки беш аз 17.4 миллиард киловатт соат аз он бо нерӯгоҳҳои барқӣ - обӣ ва беш аз 1.2 миллиард киловатт соати мобақӣ аз нерӯгоҳҳои ҳароратии ин кишвар тавлид шудааст.

 

 

 

 

Барчасп