Декабр 20, 2019 20:20 Asia/Dushanbe
  • Дидори муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафирони Куба ва Финляндия дар Душанбе

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафирони Куба ва Финляндия дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Музаффар Ҳусайнзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба таври ҷудогона бо Певида Пупо ва Мария Лиивало, сафирони кишварҳои Куба ва Финляндия мулоқот кард.

Дар ин дидор Ҳусайнзода ва Пупо вазъияти феълӣ ва дурнамои равобит миёни 2 кишвар ва ба таври хос масоили марбут ба ҳамкорӣ дар заминаи беҳдошт, кишоварзӣ, омӯзиш ва парвариш ва гардишгарӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн дар бахши дигари ин мулоқот мавзӯоти марбут ба ҳамкории 2 кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.

Дар дидори муовини ниҳоди дипломатии Тоҷикистон бо сафири Финляндия вазъияти феълӣ ва чашмандози густариши бештари равобити дуҷониба миёни 2 кишвар баррасӣ шуд.

Ду тараф дар ин дидор дар заминаи тавсеа ҳамкориҳои мутақобилан судманд ибрози алоқа карданд.