Фирори як полиси муттаҳам ба шиканҷа аз Душанбе
(last modified Sun, 22 Dec 2019 04:34:52 GMT )
Декабр 22, 2019 09:34 Asia/Dushanbe
  • Фирори як полиси муттаҳам ба шиканҷа аз Душанбе

Яке аз 4 афсари Идораи полиси шаҳри Душанбе, ки ахиран аз сӯи додгоҳи пойтахти Тоҷикистон ба иллати шиканҷа кардани ашхос ба зиндон маҳкум шуда буд фирор кард.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, ин додгоҳ сарҳанги дуввум Фарҳод Нурхонов муовини собиқи Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи полиси шаҳри Душанберо ба 17 сол зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин додгоҳи шаҳри Душанбе Иваз Сабзаов, Умед Ваҳҳобзода ва Эрониддин Аҳлиддинро, ки ҳамагӣ аз афсарони полиси Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи  шаҳри Душанбе буданд ва дар шиканҷаи ашхос дахолат доштанд, ба 7 то 9 сол зиндон маҳкум кард, аммо аз миёни ин афсарон сарвон Эрониддин Аҳлиддин, ки ба шарти хориҷ нашудан аз манзил то рӯзи додгоҳ дар озодӣ ба сар мебурд фирор кардааст. Аз ин ру додгоҳ вайро дар набудаш ба 9 сол зиндон маҳкум карда ва Додситонии кулли Тоҷикистон аз оғози амалиёти ҷустуҷуи ин афсари фирорӣ хабар додааст.

Ин 4 афсар муттаҳам ба шиканҷаи Ҳамза Солиҳов сокини Душанбе ҳастанд, шокӣ муддаӣ аст ин 4 афсари полис бо ҷосозии 200 грам модаи мухадир дар манзилаш аз ӯ дархости пардохти ришва карданд, ки вақте бо имтинои вай аз пардохти пул ру ба ру шуданд ӯро ба шиддат шиканҷа карданд. Ҳамчунин 17 нафар аз сокинини шаҳри Душанбе аз ҷумла як зан аз шиканҷа шуданаш тавассути ин 4 афсари пешини полиси пойтахти Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят кардаанд.

Аз сӯи дигар эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки як созмони ғайридавлатӣ аст эълом кард дар соли гузашта 44 нафар аз сокинони ин ҷумҳурӣ аз шиканҷаи худ тавассути коркунони полис ба ин эътилоф шикоят карданд, ки 7 нафар аз ин шокиён занон буданд.