Декабр 22, 2019 13:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳимоят аз коргарони муҳоҷир дар Русия зарурати иқтисодӣ аст

Устоди донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон муътақид аст, ки коргарони муҳоҷир аз ҷумла тоҷикон дар Русия ба ҳимоят ва ташвиқ ниёз доранд.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, Раҳмон Омасов гуфтааст, ки бояд аз коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Русия ҳимоят шавад ва расонаҳо набояд бо фазосозиҳои муғризона мардуми ин кишварро аз муҳоҷирони корӣ битарсонанд.

Вай афзуд, Русия ниёзи шадиде ба ҷазби коргарони ҷавони мутахассис аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон дорад, ки муҷиби тақвияти тавони иқтисодӣ ва ҷуброни камбуди рушди ҷамъияти ин кишвар мешавад.

Ба гуфтаи Омасов дар 10 моҳи соли 2019 Русия бо бештарин мизони коҳиши ҷамъият дар ёзда соли ахир ру ба ру шуд, ки бо маргу мири наздик ба 259 ҳазор нафар ҳамроҳ буд ва ин дар ҳоле буд, ки дар ин муддат аз 85 вилояти Русия зоду валад дар 80 вилоят коҳиш ёфт.

Ин устоди донишгоҳ гуфт, барои ҷуброни камбуди нерӯи инсонӣ дар Русия ва таъмини рушди иқтисодии ин кишвар бояд раванди омӯзиши забони русӣ ба ҷавонони тоҷик, ки қасди муҳоҷират ба ин кишварро доранд иртиқо ёбад.

Омасов афзуд, ҳамчунин бояд ба раванди боздошти коргарони муҳоҷири тоҷик аз сӯи полиси Русия ва таблиғи руҳияи бегонаситезӣ дар расонаҳои хабарии ин кишвар поён дода шавад.

Вай таъкид кард, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон, ки мусофирони асосии онон коргарони муҳоҷири тоҷик ҳастанд, бояд нархи чиптаи ҳавопайморо коҳиш диҳанд, зеро акнун коргарони тоҷик ба далели гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо тарҷеҳ медиҳанд, ки аз Бишкек, Самарқанд, Уш ва Тошканд парвоз кунанд.

Барчасп