Декабр 23, 2019 09:29 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 85 тонна маводи ғизоӣ аз вилояти Хатлон ба Бадахшони Тоҷикистон

Ба дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз вилояти Хатлон 85 тонна маводи ғизоӣ барои сокинони вилояти Бадахшони ин кишвар ирсол шуд.

Ба нақл аз сомонаи раиси вилояти Бадахшон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи кумак ба сокинони вилояти Бадахшон, ки минтақаи сарду куҳистонӣ аст ва нархи маводи ғизоӣ дар ин вилоят дар муқоиса бо дигар минтақаҳои Тоҷикистон гаронтар аст, дастури ирсоли 85 тонна маводи ғизоӣ ва фуруши он бо нархи поинтар аз нархи феълиро содир кард.

Ин кумакҳо шомили картошка, пиёз, сабзӣ, лимонт, равған, биринҷ ва гушти мурғ аст, ки дар бозори шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон ба нархи поин ба сокинони ин минтақа фурухта мешавад.

Пеш аз ин хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон бо баррасии нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои мухталифи ин кишвар эълом карда буд, ки дар вилояти Суғд нархи маҳсулот арзонтар аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин ин кумита эълом кард, нархи маҳсулоти мухталиф дар вилояти Бадахшон аз дигар нуқтаҳои ин ҷумҳурӣ гаронтар аст.

Вилояти Бадахшони Тоҷикистон минтақаи куҳистонии маҳсур аст, ки бо Чин, Қирғизистон ва Афғонистон марзи муштарак дорад ва дурии роҳ ва ҳазинаи болои сузишворӣ муҷиби афзоиши нархи маводи ғизоии воридотӣ ба ин вилоят мешавад.

Барчасп